Шириншоҳ Шоҳтемур(شیرین شاه شاه تیمور )

Photo credit: BBC/Tajikistan

Шириншоҳ Шоҳтемур

 

ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

“ҳар куҷое ки набудам, бо тоҷикон будам.”

 Ш. АФЗАЛШОЕВ

Хоруғ-Тоҷикистон

December 18 , 2019

Ҳуруфи матни аввала:  ѓ(ғ), ї(ӣ), љ(ҷ), њ(ҳ), ќ(қ), ў(ӯ).

Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо 1 ва дигаре 17 декабр ба зодрӯзи яке аз шахсиятҳои маъруфу хотирмон Каҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, поягузорони давлати тоҷикон дар аввали қарни XX Шириншоҳ Шоҳтемур 120 сол сипарӣ мегардад.

Агарчи дар бораи ҳаёту фаъолияти ин ходими барҷастаи сиёсӣ ва давлатӣ асарҳои зиёде офарида шудаанд, бояд иқрор кард, ки ҳанӯз саҳифаҳои зиёде аз ҳаёти хеле кӯтоҳ, вале пурбораш нонавиштаанд. Мақсад аз баёни чанд сатр дар бораи ин шахси маъруф аз ифшои саҳифаи наве аз ҳаёту фаъолияташ нест, балки бо истифода аз маъхазҳои* таърихӣ ёдовар шудан аз саъю талошҳо ва ҷоннисориҳои як ҷавони тоҷики куҳистонӣ баҳри ташкил ва ташаккули давлатдории навини миллаташ аст.

Шириншоҳ Шоҳтемур саду бист сол қабл дар деҳаи Тишори ҷамоати Поршиневи волости Шуғнони вилояти Фарғонаи империяи Россия дар оилаи деҳқон таваллуд шуда буд. «Ману Шириншо ҳанӯз хеле хурд будем, вақте ки модарамон вафот карданд, навиштааст аз хотироти бародари Шириншоҳ Бобошоҳ дар китоби хотираҳо аз Шириншоҳ Шоҳтемур ба унвони «Ҷавонии ҷовидон» журналисти шинохта Шобаҳор Шоҳхуморов. …Фақат ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки рӯзе хонаи мо аз одамон пур шуд. Занҳо гиря мекарданд, мардҳо бо қиёфаи ғамгин хомӯшона дар изтироб буданд… Вақте падарамон аз дунё даргузаштанд, мо калонтар шуда будем ва он воқеъаи мудҳиш дар хотирам пурра нақш баст».

Бори гарони зиндагии аҳли оилаи* Шоҳтемур, ки 6 бародару 6 хоҳар буданд, ба зиммаи бародари калониашон Мамадаслам афтод. Кӯдакиву наврасии Шириншоҳи ятиммонда дар зодгоҳ, дар ҳалқаи бародарону хоҳаронаш паи молбонӣ, ҳузуму мевачинӣ, алафдаравию хирманкӯбӣ гузашт. Мамадаслам, ки раъи падарро дар бобати омӯхтани илму дониш ҳеҷ гоҳ аз хотир намебаровард, қобилияту зеҳни тези Шириншоҳро дарк намуда, фаслҳои зимистон ӯро пеши муаллими деҳаи Хоса Охон Шоҳзодаирон мебурд. Ҳамин гуна ӯ то ба синни 12 солагӣ расид.

Соли 1911 бо ҳидояти яке аз шахсони бомаърифати замон, ҳамдеҳа ва хеши наздикаш* Саидмаъсум, ки дар отряди сарҳадбонони Россия ба сифати тарҷумон кор мекард ва ризоияти бародараш Мамадаслам Шириншоҳ барои таҳсил ба мактаби русӣ – туземии (таҳҷоии) отряди (дастаи сарбозони) сарҳадӣ дар Хоруғ дохил мешавад.

Пас аз хатми мактаб соли 1915 дар хизмати штабс-капитани отряди Хоруғ Дмитрий Сергеевич Топорнин мемонад. Моҳи майи ҳамон сол бошад бо ҳамроҳии ӯ ба Тошкант меравад ва дар заводи Иванов (Бешоғоч) ба кор медарояд. Пас аз ба фронт фиристода шудани сарпарасташ Топорнин ӯ чун мушоияткунандаи вагон ва баъдан кондуктори трамваи Тошканд, бағочдеҳи поезди боркашони артели Матвеев кор мекунад. Аз сентябри соли 1917 дар омӯзишгоҳи педагогӣ таҳсил дошт.

Вале бо оғози инқилоби* Октябр омӯзишгоҳ баста мешавад ва Шириншоҳ то соли 1921 дар семинарияи муаллимтайёркунӣ таҳсил намуда, сипас дар шӯъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии Тошканд кор мекунад. Он замон аъзои гурӯҳи коргарони инқилобӣ гардида, январи соли 1921 ба аъзогии Ҳизби коммунистии* (болшевикони) Россия дохил мешавад.

Моҳи майи соли 1921 бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон Шириншоҳ Шоҳтемур бо супориши Кумитаи иҷроияи маркази (КИМ)и Туркистон дар ҳайати 500 нафар «донишҷӯёни пролетарӣ» дар кори кумитаи тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд ширкат варзид.

Аммо, августи ҳамон сол ӯро ба КИМи Туркистон даъват намуда дар ҳайати Сегонаи фавқулоддаи ҳарбӣ-сиёсӣ барои барпо намудани ҳокимияти шӯроҳо ҳамроҳи Таричан Дяков ва Ҳаққул Ҳусейнбоев ба Помир мефиристодонанд. То охири соли 1922 дар тамоми ҳудуди Помир кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода шуда, пас аз бозпас хондани Дяков ба Тошканд Шириншоҳро раиси Кумитаи инқилобии райони Помир интихоб намуданд.

Дар баробари ташвиқи зарурияти таъсиси кумитаҳои инкилобӣ дар ҳудуди «Райони Помир» Шириншоҳ Шоҳтемур, дар оғози фаъолияташ ба ислоҳоти замину об ва тақсими одилонаи он ба деҳконон, таъсиси анборҳои захираи озуқаворӣ барои дастгирии табақаҳои камбағал, ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ, мубориза бо кочоқи маводи мухаддар ва нашъамандӣ шуруъ намуд. Дар мавриди омӯзонидани мардум чун раиси кумитаи инқилобии Помир ҳатто бо намоядагони дин низ мулоқот намуда, бо ризоияти Ҳукумати Туркистон барои ҷалби онҳо ба таълими кӯдакон аҳднома мебандад. Нусхаи ин аҳднома дар осорхонаи Шоҳтемур маҳфуз буда, дар он баробари таъмиру сохтмони мактабҳо, таълими фанҳои дунявӣ таълимӣ динӣ низ дар онҳо иҷозат дода мешавад. Кумитаи инқилобӣ ӯҳдадор шуда буд, ки мактабҳоро бо маводи хониш ва намояндагони дин бо хурокворӣ ва маоши муаллимон таъмин намоянд.

Августи соли 1923 Шириншоҳ низ ба КИМи Туркистон даъват карда мешавад ва аъзои котиботи Совети Комиссарони халқи Ҷумҳурии Мухтори Туркистон интихоб мегардад. Дар асоси дархосту талаби ӯ бо назардошти хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ ва фарҳангии сокинони Помир 15 августи соли 1923 Раёсати КИМи Туркистон дар бораи табдил донани «Райони Помир» ба «Вилояти Помир» қарор қабул менамояд. 30 июли соли 1924 бошад баъд аз муҳокимаи масъалаи «Вазъият дар Помир» бо дархосту пешниҳоди Шириншоҳ Шоҳтемур дар назди* Кумитаи инқилобии вилояти Помир мақомоти корӣ аз қабили котибот, шуъбаи маъмурӣ, маорифи халқ, молия, замину об, идораи сиёсии давлатӣ (ИСД-ГПУ) ташкил карда шуда, 100 воҳиди корӣ ҷудо карда мешаванд. Дар қарори мазкур фаъолияти Сегонаи ҳарбӣ сиёсӣ дар Помир ҷамъбаст гардида, ба он баҳои мусбӣ дода шуд ва роҳбарияту аъзоёни он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Бо назардошти хизматҳо ва донишу малакаи корӣ Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1924, замони ҳассоси тақсимоти ҳудудӣ-миллии Осиёи Миёна, ба кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Туркистон даъват шуда инспектори зершуъбаи аққалиятҳои миллӣ шуъбаи тоҷикӣ таъин мешавад. Ин ҷо саҳифаи нави фаъолияти ӯ оғоз меёбад.

Чуноне ки дар маҷмӯаи мураттибсохтаи китобҳои илмӣ ва оммавӣ ба унвони «Шириншоҳ Шоҳтемур» рӯзноманигор, номзади илми таърих Қурбон Аламшоев омадааст, «мақсади ташкили шуъбаи тоҷикии зершуъбаи майдамиллатҳо асосан ҳалли масъалаҳои маданӣ буд, он амалан бештар аҳамияти сиёсӣ касб намуд. Шӯъба дар баробари ба роҳ мондани чопи нахустин рӯзномаи тоҷикизабони шӯравӣ «Овози тоҷик» таъсис додани аввалин муассисаҳои таълимии шӯравӣ – Институти муаллимтайёркунӣ ба забони тоҷикӣ барои тайёр кадани омӯзгорони тоҷик ва нашри аввалин китобҳои дарсии тоҷикӣ барои мактабҳои усули нави таълим дар Тошканд муваффақ гардид».

Он замон мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон – Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ намудани тақсимоти ҳудудҳои миллӣ корҳои зиёди ташкиливу фаҳмондадиҳиро анҷом медоданд. Шириншоҳ бо ҳуҷҷатҳое, ки доир ба масъалаҳои миллӣ аз ҷониби Комитети Марказии ҳизби коммунисти Туркистон омода шуда буданд дар бораи мавҷудияти халқи тоҷик дар ҳудуди Туркистон ҳатто ишораеро наёфта, дарк намуд, ки миллатгароёни ӯзбек зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва давлати Шӯравӣ мақсади ташкил намудани давлати* ягонаи туркро дар Осиёи Миёна ба амал бароварданӣ буданд.

Ин гуна муносибати беэътиноёна нисбати тақдири халқи тоҷик дар он давраи ҳассоси тақсимоти миллӣ Шириншоҳ Шоҳтемурро мисли дигар равшанфикрони баору номуси ин миллат ором гузошта наметавонист. Ӯ дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ба воситаи мактубу муроҷиатномаҳо ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии ҳизби коммунисти Россия ва КИМи Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи тоҷикро қотеъона (?) талаб мекард.

Шаҳодати равшани ин муборизаи устуворонаааш «Гузориш ба Сталин, дар бораи мавқеъи маданӣ – иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» буд. Дар ин гузориш ӯ бо ҷасорати ба худ хосаш ниқобро аз рӯи мухолифони эҳёи халқи тоҷик барканор андохт. Дар гузориш қайд намудааст, ки доираи шовинистони ҳизби коммунисти Ӯзбекистон мавҷудияти тоҷикон, ба ғайр аз тоҷикони ҳудуди Помиру Бадахшонро, дар дигар митақаҳои Осиёи Миёна инкор менамояд. Ҳол он ки қисми бештари мутамадину муташаккили аҳолии тоҷик дар минтақаҳои* марказии Ӯзбекистон мондаанд. Ин қисмати аҳолиро бо фишори маъмурӣ ва худсарии шовинистона ӯзбек карданианд. Забони тоҷикӣ баъди тақсимбандии Осиёи Миёна зери таъқиби бераҳмона дучор шуда, таълим бо ин забон дар мактабҳо манъ шудааст.

Маҳз дар асоси ин гузоришот ва мактубу муроҷиатҳои равшанфикрони тоҷик, алалхусус Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1924 Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дода шуда, Шириншоҳ Шоҳтемур узви Президиуми Кумитаи инқилобии он интихоб мегардад. Солҳои 1925-1926 бошад, ӯ корманди масъули Инспексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Кумитаи Марказии ҳизби коммунистӣ-болшевикии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ҳамзамон Комиссари халқии молияи Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ ва барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ дар навоҳии Кӯлоб буд.

Аз декабри 1926 то августи 1929 Шириншо намояндаи Тоҷикистон дар вилояти Самарқанд, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Совети Комиссарони Халқии* Ӯзбекистон таъин мегардад. Дар як вақт чун шунавандаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ (КУТВ) ба номи И. В. Сталин дар Москва таҳсил дошт.

Феврали 1929 Шириншо Шотемур фавран ба Тоҷикистон даъват шуда, котиби масъул ё худ котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Тоҷикистон; пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1930 котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб мегардад.

Он сол ӯ бо Александра Киселёва, ки аввали солҳои сиёюм барои таҷрибаомӯзӣ* ба Тоҷикистон омода буд, хонадор мешавад. Онҳо соҳиби ду писар мегарданд, яке бо номи Шириншо ва дигаре Рустам.

Соли 1932 барои такмили донишҳои сиёсиву хоҷагидорӣ донишҷӯи Институти профессураи сурхи Москва мегардад.* Вале, соли 1933 бозпас ба Тоҷикистон даъват шуда, то соли 1937 – раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Тоҷикистон, ҳамзамон яке аз раисони Комитети Иҷроияи* Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ шуда, фаъолият менамояд.

Дар иҷрои ин вазифаи басо масъул Шириншоҳ дар баробари рушд додани соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии навтаъсиси Шӯравӣ сотсиалистии Тоҷикистон ба равнақи мадании он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Соли 1933 бо таклифи ӯ, ба мақсади омӯхтани имконоти тараққиёти ҳамҷонибаи Тоҷикистон, ба ҷумҳурӣ экспидитсияи комплексии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ даъват карда мешавад. Соли 1934 дар Тоҷикистон* 1000 солагии шоири бузурги тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ ҷашн гирифта шуда, дар доираи он оид ба мавқеву манзалати забони тоҷикӣ корҳои зиёди маърифатӣ гузаронида мешаванд. Барои такмили кори омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик, китобҳои зиёди адабиву таълимӣ, аз ҷумла таълими забонҳои маҳалии помирӣ ва яғнобӣ, ба нашр мерасанд.

Шириншоҳ Шоҳтемур Иштирокчии анҷуманҳои XVI ва XVII Ҳизби коммунистии (болшевикони) Умумииттифоқ, қариб ҳамаи иҷлосияҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Барои хизматҳояш дар таҳкими давлати шӯроҳо соли 1930 бо медали «Барои мубориза бо босмачигарӣ», соли 1935 дар қатори яке аз аввалинҳо бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шуда буд.

Миёнаҳои солҳои 30-ум ба [сабаби ба] сари дастгоҳҳои қудратии давлати шӯравӣ [нишастани] ашхоси пасттинат, ивғогарӣ, тӯҳмату бӯҳтон, ҳасаду фитна [ба миён омад ва ин кор] боиси таъқибу* ҷазодиҳии кормандони болаёқату поктинат ва бовиҷдони ҳизбиву давлатӣ гардид.* Мавҷи ҷазодиҳии оммавии сиёсӣ дар шакли маъракаи* даҳшатангези муборизаи зидди «душманони халқ», «ҷосусон», «миллатчиёни баржуазӣ», «агентураи душманон», «элементҳои аксулинкилобӣ» ба солҳои 1933-1937 рост омада, соли 1933 фидоиёни миллати тоҷик Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев аз вазифаи Раиси КИМ- и Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои нозирони халқи Тоҷикистон барканор ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Шириншо Шоҳтемур соли 1937 дар ҷаласаи Комитети Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин амалро зери танқид гирифт. Баромадаш боис шуд, ки ӯро низ 9 июли 1937, дар асоси тӯҳмати ноҳақ аз хусуси «миллатчии буржуазӣ» ва «агентура душман» буданаш дар Москва ба ҳабс гирифтанд. 21 октябри 1937 аз ҷониби Коллегияи ҳарбии Суди Олии Шӯравӣ ҳукми қатл мегирад ва 27 октябри ҳамон сол, дар синни 38 солагӣ, ба қатл расонда шуд. Оромгоҳаш дар қабристони Дони Москва қарор дорад.
Ҳукми бегуноҳии Шириншо Шоҳтемур фақат баъд аз 19 соли қатлаш, 11 августи соли 1956, бо қарори Коллегияи Суди Олии Шӯравӣ бароварда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо назардошти хизматҳои бузургаш дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон Шириншо Шоҳтемур соли 1999 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дӯстӣ» ва соли 2006 бо унвони олӣ «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадр карда шуд.

Барои абадӣ гардондани номи неку кори шоистааш барои миллат ва давлати тоҷикон дар зодгоҳаш мактаб, дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, хиёбон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, дар шаҳри Хоруғ шаҳрак ва хиёбони марказӣ Шириншо Шоҳтемур номгузорӣ гардида, дар боғи фароғатии шаҳри Хоруғ ҳайкали ӯ бунёд гаридид.

Тавре дар боло ишора рафт, дар бораи хизматҳои хеле бузурги Шириншо Шоҳтемур барои миллаташ асарҳо офарида шудаанд ва аз нав офарида хоҳанд шуд. Ва агар хизматҳои ӯро ба таври фушурда баён намоем, бешубҳа хулоса хоҳем намуд, ки ӯ барҳақ сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон, номи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст.

Ба қавли худаш: “ҳар куҷое ки набуд, бо тоҷикон буд. “

شیرین شاه شاه تیمور

 

جان فدای ملت

“هر کجایی که نبودم با تاجیکان بودم!”

 

شاه نوروز افضل شاه یف

خاروغ- تاجیکستان

۱۸ دسمبر ۲۰۱۹

ترجمه: سرور شاه ارکان، اداره نشرات سیمای شغنان

از روی بعضی سرچشمه ها ۱ و ۱۷ دسمبر به زاد روز یکی از شخصیت های معروف و خاطر مان قهرمان تاجیکستان، ارباب دولتی و سیاسی، پایه گذاران دولت تاجیکان در اول قرن XX شیرین شاه شاه تیمور ۱۲۰ سال سپری می گردد.

اگر چه در باره حیات و فعالیت این خادم برجسته سیاسی و دولتی اثر های زیادی آفریده شده اند، باید اقرار کرد، که هنوز صحیفه های زیادی از حیات خیلی کوتاه ولی پربارش نا نوشته اند. مقصد از بیان چند سطر در باره این شخص معروف از افشای صحیفه نو از از حیات و فعالیت هایش نیست، بلکه با استفاده از مٲخذه های* تاریخی یاد آور شدن از سعی و تلاش ها و جان نثاری های یک جوان تاجیک کوهستانی(ازم)** بهر تشکیل و تشکل دولت داری نوین ملت اش است.

شیرین شاه شاه تیمور یکصد و بیست سال قبل در دهه تیشار جماعت پارشنیف( پارښنېڤ م) حکومت شغنان ولایت فرغانه امپراطوری روسیه در عایله دهقان تولد شده بود. “من و شیرین شاه هنوزخیلی خورد بودیم، وقتیکه مادر مان وفات کرد، نوشته است از خاطرات برادر شیرین شاه بابا شاه در کتاب خاطره ها از شیرین شاه شاه تیمور به عنوان” جوان جاویدان” ژورنالیست شناخته شاه بهار شاه خماروف … فقط همین اش در خاطرم مانده است، که روزی خانه ما از آدمان پر شد. زنها گریه میکردند، مرد ها با قیافه غمگین خاموشانه در اضطراب بودند…وقتی پدر مان از دنیا در گذشت، ما کلانتر شده بودیم و آن واقعه یی مدهش در خاطرم پوره نقش بست.”

برای گرانی زندگی اهل و عایله* شاه تیمور، که شش برادر و شش خواهر بودند، به ذمه ی برادر کلان شان محمد اسلم افتاد.

کودکی و نو رسی شیرین شاه یتیم مانده در زادگاه، در حلقه برادران و خواهرانش پی مال بانی، هیزم و میوه چینی، علف دروی و خرمن کوبی گذشت. محمد اسلم، که راه پدررا در بابت آموختن علم و دانش هیچگاه اس خاطر نمی برآورد، قابلیت و ذهن تیز شیرین شاه را درک نموده، فصل های زمستان او را پیش معلم دهه یی خاصه آخان شازاده ایران میبرد. همین گونه او تا به سن ۱۲ سالگی رسید.

سال ۱۹۱۱ با هدایت یکی از اشخاص با معرفت زمان، هم دهه و خویش نزدیکش* سید معصوم، که در تولی سرحدی روسیه به صفت ترجمان کار می کرد و رضایت برادرش محمد اسلم شیرین شاه برای تحصیل به مکتب روسی تضیمی(ته جایی) تولی ( دسته سربازان)سرحدی در خاروغ داخل می شود.

پس از ختم مکتب سال ۱۹۱۵ در خدمت قرارگاه قوماندانی تولی خاروغ دیمتری سرگیویچ تاپارنین می ماند. ماه می همان سال باشد با همراهان او به تاشکند می رود و در فابریکه ایوانف( بیشاغاچ) به کار می درآید. پس به جبهه فرستاده شدن سرپرست اش تاپارنین او چون مشایعت کننده واگون و بعدا راننده تراموای تاشکند، مسوول دیپوی ریل بارکشی آرتل( اتحادیه م) متویوف کار میکرد. از سپتمبر سال ۱۹۱۷ در آموزشگاه دارلمعلمین تحصیل داشت.

ولی با آغاز انقلاب* اکتوبر آموزشگاه بسته می شود و شیرین شاه تا سال ۱۹۲۱ در سیمیناریه دارالمعلمین تحصیل نموده، سپس در شعبه روسی مکتب زحمت کشان معلم تاشکند کار می کند. آن زمان اعضای گروه کارگران انقلابی گردیده، (درم) جنوری سال ۱۹۲۱ به عضویت حزب کمونیست*( بلشویکان) روسیه داخل می شود.

ماه می سال ۱۹۲۱ بنابر نرسیدن آذوقه در شهر های ترکستان شیرین شاه شاه تیمور با سپارش کمیته اجرائیه مرکزی(ک.ا.م) ترکستان در حیات ۵۰۰ نفر” دانشجویان پرولتاری” در کار کمیته تقسیمات آذوقه واری حکومت دل ورزین خجند شرکت ورزید.

اما، (در م) اگست همان سال او را به ک.ا.م. ترکستان دعوت نموده در حیات سه گانه فوق العاده نظامی-سیاسی برای برپا نمودن حاکمیت شورا ها همراه تریچن دیاکف و حقول حسین بایف به پامیر می فرستادند. تا آخر سال ۱۹۲۲ در تمام حدود پامیر کمیته های انقلابی تاسیس داده شده، پس از باز پس خواندن دیاکف به تاشکند شیرین شاه را رئیس کمیته انقلابی ریحان پامیر انتخاب نمودند.

در برابر تشویق ضروریات تاسیس کمیته های انقلابی حدود “ریحان پامیر” شیرین شاه شاه تیمور، در آغاز فعالیت هایش به اصلاحات زمین و آب و تقسیم عادلانه آن به دهقانان، تاسیس انبار های ذخیره آذوقه واری برای دستگیری طبقه های کم بغل، تشکیل مکتب ها برای محو بیسوادی و تیار نمودن کدر های محلی ، مبارزه با قاچاق مواد مخدر و نشئه مندی شروع نمود. در مورد آموزانیدن مردم چون رئیس کمیته انقلابی پامیر حتی با نمایندگان دین نیز ملاقات نموده، با رضایت حکومت ترکستان برای جلب آنها به تعلیم کودکان عهد نامه می بندد. نسخه این عهد نامه در آثار خانه شاه تیمور محفوظ بوده، در آن برابری تعمیر و ساختمان مکتب ها، تعلیم فن های دنیوی تعلیم دنیوی تعلیم دینی نیز در آنها اجازت داده می شود.

کمیته انقلابی عده دار شده بود، که مکتب ها را با مواد خوانش و نمایندگان دین با خوراک آوری و معاش معلمان تٲمین نمایند.

(درم) اگست سال ۱۹۲۳ شیرین شاه نیز به ک.ا.م. ترکستان دعوت کرده می شود و اعضای دفتر شورای کمیساران خلق جمهوری مختار ترکستان انتخاب می گردد. به اساس در خواست و طلب او با نظر داشت خصوصیت های خاص جغرافیایی و فرهنگی ساکنان پامیر(در م) ۱۵ اگست سال ۱۹۲۳ ریاست ک.ا.م. ترکستان در باره تبدیل دادن “ریحان پامیر” به “ولایت پامیر”قرار قبول می نماید. (در م) ۳۰ جولای سال ۱۹۲۴ باشد بعد از محاکمه مسئله”وضعیت در پامیر” با درخواست و پیشنهاد شیرین شاه شاه تیمور در نزد* کمیته انقلابی ولایت پامیر مقامات کاری از قبیل کاتبات، شعبه ماموری، معارف خلق، مالیه، زمین و آب، اداره سیاسی دولتی(ИСД- ГПУ) تشکیل کرده شد، ۱۰۰ واحد کاری جدا کرده می شوند. در قرار مذکور فعالیت سه گانه نظامی سیاسی در پامیر جمع بست گردیده، به آن بهای نسبی داده و رهبریت و اعضایان آن با مکافات های دولتی سر فراز گردیدند.

با نظر داشت خدمات و دانش و ملکه کاری شیرین شاه شاه تیمور سال ۱۹۲۴، زمان احساس تقسیمات حدودی- ملی آسیایی میانه، با کمیته مرکزی حزب کمونست ترکستان دعوت شده تفتیش مدیریت شعبه اقلیت های ملی شعبه تاجیکی تعین می شود. اینجا صحیفه نو فعالیت او آغاز می یابد.

جوانی که در مجموعه مرتب ساختن کتاب های علمی و عاموی به عنوان”شیرین شاه شاه تیمور” روزنامه نگار، نامزد علمی تاریخ قربان عالم شاه یف آمده است:” مقصد تشکیل شعبه تاجیکی مدیریت شعبه ملیت های اقلیت اساسا حل مسئله های مدنی بود، آن عملا بیشتر اهمیت سیاسی کسب نمود. شعبه در برابر به راه ماندن چاپ نخستین روزنامه تاجیک زبان شوروی”آواز تاجیک” تاسیس دادن اولین موسسه های تعلیمی شوروی- انستیتوت دارالمعلمین به زبان تاجیکی برای آماده کردن آموزگاران تاجیک و نشر اولین کتاب های درسی تاجیکی برای مکتب های اصول نو تعلیمی در تاشکند موفق گردید.”

آن زمان مقامات حزبی و دولتی جمهوریت ترکستان- بخارا و خوارزم (ازم ) بهرعملی نمودن تقسیمات حدود ملی کار های زیاد تشکیلی و آگاه دهی را انجام می دادند.

شیرین شاه با حجت هایی که دائر به مسئله های ملی از جانب کمیته مرکزی حزب کمونست ترکستان آماده شده بودند در باره موجودیت خلق تاجیک در حدود ترکستان حتی اشاره یی را نیافته، درک نمود، که ملت گرایان ازبیک زیر نقاب سیاست ملی حزب و دولت شوروی مقصد تشکیل نمودن دولت* یگانه ترک را در آسیایی میانه به عمل برآوردنی بودند.

این گونه مناسبت بی اعتنایانه نسبت تقدیر خلق تاجیک در آن دوره احساس تقسیمات ملی شیرین شاه شاه تیمور را مثل دیگر روشنفکران به عار و ناموس این ملت آرام گذاشته نمی توانست. او در برابر نصرت الله مخصوم، چنار امام اف، عبدالقادر معی الدین اف، عبدالرحیم حاجی بایف بواسطه مکتوب و مراجعت نامه ها به عنوان بیروی آسیایی میانه کمیته مرکزی حزب کمونست روسیه و ک.ا.م. ترکستان اعتراف نمودن حقوق و منفعت های ملی خلق تاجیک را قاطعانه(؟) طلب می کرد.

شهادت روشن این مبارزه استوارانه اش” گزارش به ستالین، در باره موقع مدنی- اجتماعی و اقتصادی تاجیکان در جمهوری ازبیکستان” بود. در این گزارش او با جسارت به خود خاص اش نقاب را از روی مخالفان احیایی خلق تاجیک برکنار انداخت. در گزارش قید نموده است، که دایره شئونستان حزب کمونست ازبیکستان موجودیت تاجیکان، به غیر از تاجیکان حدود پامیر بدخشان را، در دیگر مناطق آسیایی میانه انکار می نمودند. حالانکه قسمت بیشتر متمدین و متشکل اهالی تاجیک درمناطق* مرکزی ازبیکستان مانده اند. این قسمت اهالی را با فشار ماموری و خود سری شئونستانه ازبیک کردنی اند.

زبان تاجیکی بعدی تقسیم بندی آسیایی میانه زیر تعقیب بی رحمانه دچار شده، تعلیم با این زبان در مکتب ها منع شده است.

محض در اساس این گزارشات و مکتوب و مراجعت های روشنفکران تاجیک، الالخصوص شیرین شاه شاه تیمور سال ۱۹۲۴ جمهوری مختار شوروی سوسیالیستی تاجیکستان در حیات ازبیکستان تاسیس داده شده، شیرین شاه شاه تیمور عضو هیئت رئیسه کمیته انقلابی آن انتخاب می گردد. سالهای ۱۹۲۵- ۱۹۲۶ باشد، او کارمند مسوول تفتیش کارگری دهقانان تاجیکستان، نماینده وکالت داری کمیته مرکزی حزب کمونیست بلشویکی جمهوری شوروی سوسیالیستی ازبیکستان در تاجیکستان، همزمان کمیسار خلقی ملی تاجیکستان، رهبر کمیساری حکومت عائد به محافظت اهالی و برهم دادن حرکت باسمچگری( اشرارگری م) در نواحی کولاب بود.

از دسمبر ۱۹۲۶ تا اگست ۱۹۲۹ شیرین شاه نماینده تاجیکستان در ولایت سمرقند، نماینده دایمی تاجیکستان در شورای کمیساران خلق* ازبیکستان تعین می گردد. در یک وقت چون شنونده دانشگاه کمونستی زحمتکشان شرق(КУТВ) بنام یوسف ویساریونویچ ستالین در مسکو تحصیل داشت.

فبروری ۱۹۲۹ شیرین شاه شاه تیمور فورا به تاجیکستان دعوت شده، منشی مسوول یا خود منشی اول کمیته حزب ولایت تاجیکستان؛ پس از تشکیل جمهوری شوروی سوسیالیستی تاجیکستان سال ۱۹۳۰ منشی دوم کمیته مرکزی حزب کمونست تاجیکستان انتخاب می گردد.

آن سال او با الکساندره کسیلیوفه، که اول سالهای سوم برای تجربه آموزی* به تاجیکستان آمده بود، خانه دار می شود. آنها صاحب دو پسر می گردند، یکی با نام شیرین شاه و دیگری رستم.

سال ۱۹۳۲ برای تکمیل دانش های سیاسی و خواجگی داری دانشجوی انستیتوت پروفیسورسرخ مسکو می گردد.* ولی، سال ۱۹۳۳ باز پس به تاجیکستان دعوت شده، تا سال ۱۹۳۷ رئیس کمیته اجرائیه مرکزی تاجیکستان، همزمان یکی از رئیسان کمیته اجرائیه* مرکزی اتحاد شوروی شده، فعالیت می نماید.

در اجرای این وظیفه بسا مسوول شیرین شاه در برابر رشد دادن ساحات اقتصادی جمهوری نو تٲسیس شوروی سوسیالیستی تاجیکستان به رونق مدنی آن توجه خاص ظاهر می نمود. سال ۱۹۳۳ با تکلیف او، به مقصد آموختن امکانات ترقیات همه جانبه تاجیکستان، به جمهوری کمپلکس سیر علمی اکادمی علوم اتحاد شوروی دعوت کرده می شود. سال ۱۹۳۴ در تاجیکستان* ۱۰۰۰ سالگی شاعر بزرگ تاجیک و فارس عبدالقاسم فردوسی جشن گرفته شده، در دائره آن عائد به موقع و منزلت زبان تاجیکی کار های زیاد معرفتی گذرانیده می شود. برای تکمیل کار آموزش زبان و ادبیات تاجیک، کتاب های زیاد ادبی و تعلیمی، از جمله تعلیم زبان های محلی پامیری و یغنابی، به نشر می رسند.

شیرین شاه شاه تیمور شرکت کننده گنگره های XVI و XVII حزب کمونست ( بلشویکان) عموم اتفاق، قریب همه اجلاسیه های کمیته اجرائیه مرکزی اتحاد جماهیر شوروی سوسیالیستی بود. برای خدماتش در تحکیم دولت شوراها سال ۱۹۳۰ با مدال” برای مبارزه با باسمجگری”، سال ۱۹۳۵ در قطار یکی از اولین ها با نشان”بیرق سرخ زحمتکشان” مکافات شده بود.

میانه های سال ها ۳۰ اُم (سبب به) سر دستگاه های قدرت دولتی شوروی(نشستن) اشخاص پست نیت، اغواگری، تهمت و بهتان، حسود و فتنه(به میان آمده و اینکار) باعث تحقیب و* جزا دهی کارمندان با لیاقت و پاک نیت و با وجدان حزبی و دولتی گردیدند.*

موج جزا دهی عاموی سیاسی در شکل معرکه * دهشت انگیز مبارزه ضد”دشمنان خلق”، “جاسوسان”، “ملت چیان بورژوازی”،” اجنت های دشمن”، ” دسته های ضد انقلابی” به سال های ۱۹۳۳-۱۹۳۷ راست آمده، سال ۱۹۳۳ فداعیان ملت تاجیک نصرت الله مخصوم و عبدالرحیم حاجی بایف از وظیفه رئیس کمیته اجرائیه مرکزی(КИМ) تاجیکستان و رئیس شورای ناظران خلق تاجیکستان بر کنار و به حبس گرفته شدند.

شیرین شاه شاه تیمور سال ۱۹۳۷ در جلسه کمیته مرکزی حزب کمونست تاجیکستان این عمل را زیر تنقید گرفت. برآمدش باعث شد که او را نیز ۹ جولای ۱۹۳۷، در اساس تهمت ناحق از خصوص”مات چی بورژوازی” و” اجنت دشمن” بودنش در مسکو به حبس گرفتند. ۲۱ اکتوبر ۱۹۳۷ از جانب ماموران نظامی محکمه عالی شوروی حکم قتل می گیرد و ۲۷ اکتوبر همان سال، در سن ۳۸ سالگی، به قتل رسانده شد. آرامگاه اش در قبرستان “دانی مسکو” قرار دارد.

حکم بی گنایی شیرین شاه شاه تیمور فقط بعد از ۱۹ سال قتل اش، ۱۱ اگست سال ۱۹۵۶، به قرار ماموران محکمه عالی شوروی برآورده شد.

در زمان صاحب استقلال تاجیکستان، با نظر داشت خدمات بزرگش در تشکیل و تشکل دولت داری تاجیکان شیرین شاه شاه تیمور سال ۱۹۹۹ با فرمان رئیس جمهور تاجیکستان امام علی رحمان با نشان عالی دولتی “دوستی” و سال ۲۰۰۶ با عنوان عالی “قهرمان تاجیکستان” قدرکزده شد.

برای ابدی گرداندن نام نیکو کار شایسته اش برای ملت و دولت تاجیکان در زادگاه اش مکتب، در پایتخت کشور، شهر دوشنبه خیابان و دانشگاه زراعت تاجیکستان، در شهر خاروغ شهرک و خیابان مرکزی شیرین شاه شاه تیمور نامگذاری گردیده، در باغ فراغت شهر خاروغ هیکل( مجسمه م) او بنیاد گردید.

طوریکه در بالا اشاره رفت، در باره خدمات خیلی بزرگ شیرین شاه شاه تیمور برای ملت اش اثر ها آفریده شده اند و از نو آفریده خواهند شد. و اگر خدمات او را به طور فشرده بیان نماییم، بی شبهه خلاصه خواهیم نمود، که او بر حق سزاوار عنوان قهرمان تاجیکستان، نام فرزند فرزانه ملت تاجیک است.

به قول خودش: “هر کجایی که نبودم با تاجیکان بودم!”

**: مترجم

 

 

Кашфи тасовире нодир аз Шириншоҳ Шоҳтемур

BBC- Тоҷикистон

24 Август, 2009

Тасовири тозае аз Шириншо Шотемур, аз раҳбарони вақти Тоҷикистон дар авоили даврони Шӯравӣ, дар яке аз бойгониҳои Русия ба даст омадааст, ки гуфта мешавад таърихнигорони тоҷик қаблан ба ин тасовир дастрасии мустақим надоштаанд.

Қурбони Аламшоҳ, аз муҳаққиқони зиндагии Шириншоҳ Шоҳтемур, мегӯяд филмҳои мустанадеро бо тасовири Шоҳтемур аз бойгонии шаҳри Красногорски Русия пайдо кардааст. Ин тасовир қарор аст барои нахустин бор аз телевизиюни маҳаллӣ дар Бадахшон намоиш дода шаванд.

Оқои Аламшоҳ, ки қаблан хабарнигори Би-би-сӣ дар Бадахшон буд, мегӯяд дар пайи мутолеъаи 200 филми марбут ба Тоҷикистон, ки дар бойгонии синемо ва акси шаҳри Красногорск мавҷуданд, вай ду филми мустанадро бо тасовири кӯтоҳе аз Шоҳтемур ба даст овардааст.

Аксҳои нодире низ аз Шириншоҳ Шоҳтемур дар дастраси муҳаққиқи зиндагии ӯ қарор гирифтааст

Яке аз ин филмхо дар бораи анҷумани шонздаҳуми Ҳизби Кумунисти Шӯравӣ будааст, ки соли 1930 дар Маскав баргузор шуд. Дар ин филм Шириншоҳ Шоҳтемур ҳангоми фурӯд омадани вакилони Тоҷикистон ва истиқбол аз онҳо дар истгоҳи Қазон дар ҳудуди 30-40 сония намоиш дода мешавад.

Ба гуфтаи оқои Аламшоҳ, ин навор бо вуҷуди кӯтоҳ буданаш чеҳраи воқеъӣ, қаду қомат ва ҳаракоти Шоҳтемурро ба бинанда хеле возеҳ ва рӯшан муъаррифӣ мекунад.

Филми дигар ба ҳангоми таҷлил аз 19-умин солгарди Инқилоби Октябр дар соли 1936 дар Душанбе ба навор гирифта шудааст, ки дар он Шоҳтемур бо дигар роҳбарони Тоҷикистон дар пойи минбар зоҳир мешавад. Мардум бо аксҳое аз Истолин, Шоҳтемур ва роҳбарони дигари вақт аз хиёбони Путовский (ҳоло Исмоъили Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе убур мекунанд.

Қурбони Аламшоҳ мегӯяд, ки мутаассифона, дар ин наворҳо ба сабаби текнулужии филмбардории он замон суханрониҳои Шириншоҳ Шоҳтемур намоиш дода намешавад.

Бо ин вуҷуд, таърихшиносони маҳаллӣ ин наворҳоро барои таҳқиқи саҳафоте аз зиндагии шахсиятҳои таърихӣ ва муъаррифии чеҳраи воқеъӣ ва хисоили онҳо муҳим арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Файзи Мирҳасан, як тан аз муҳаққиқони маҳаллӣ дар Бадахшон, такопӯ ва ҳаракоти зиёди Шоҳтемур дар навори дувум аз пуркории ӯ шаҳодат медиҳад. Ба эътиқоди оқои Мирҳасан, Шоҳтемур аз афроде будааст, ки “ҳар лаҳзаи зиндагии кӯтоҳашро ба мардуми хеш бахшидааст.”

Президент Раҳмон чанд сол пеш Шириншоҳ Шоҳтемурро “Қаҳрамони Тоҷикистон” эълом карда буд

Қурбони Аламшоҳ, муҳаққиқи зиндагии Шоҳтемур, мегӯяд филми кӯтоҳи дигаре бо тасовири Шоҳтемур дар бойгонии родию-телевизиюни давлатии Тоҷикистон маҳфуз аст, ки ба ҳангоми охирин сафари ӯ ба Бадахшон дар соли 1936 наворбардорӣ шудааст.

Ин филм намоёнгари баргузории мусобиқоти дучархарониву мотосиклронӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзист ва дар ин маросим Шириншоҳ Шоҳтемур бо Нусратуллоҳ Махсум, аз раҳбарони дигари вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардумро ба муносибати солгарди таъсиси ин ҷумҳурӣ шодбош гуфтаанд.

Оқои Аламшох мегӯяд чанд филми мустанади дигар бо тасовири Шоҳтемур вуҷуд дошта, вале дар пайи душман эълом шудани ӯ дар соли 1937 ин наворҳо аз байн бурда шудаанд.

Қурбони Аламшоҳ ҳамчунин теъдоде аз аксҳои Шириншоҳ Шоҳтемурро пайдо кардааст, ки ба иддаъои ӯ, то ҳол дар ягон нашрияи Тоҷикистон чоп нашудаанд.

Ӯ мусаммам аст дар остонаи таҷлил аз 110-солагии зодрӯзи Шоҳтемур бо нашри китобе ба унвони “Шириншоҳ Шоҳтемур” бозёфтҳои тоза дар бораи ӯро дар ин китоб дарҷ кунад.

Унвони нашрияи “Овози тоҷик” ки дар он замон ба хатти форсӣ нашр мешуд

Оқои Аламшоҳ дар гузашта низ дар бораи Шоҳтемур китобе ба унвони “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам”-ро нашр карда буд, ки унвони он аз суханони Шоҳтемур гирифта шудааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур, ки аз пешвоёни инқилоби булшевикӣ дар Осиёи Миёна дар оғози даврони Шӯравӣ маҳсуб мешавад, дар соли 1899 дар деҳаи Поршневи вилояти кӯҳистонии Бадахшон мутаваллид шуда ва дар соли 1937, дар замони саркӯбгариҳои Истолин, кушта шудааст.

Вай аз авоили солҳои 1920 дар симатҳои мухталифи ҳизбию давлатӣ фаъолият карда ва дар байни солҳои 1933-37 раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол пеш Шириншоҳ Шоҳтемурро дар канори афроди саршиносе, монанди Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Нусратуллоҳ Махсум “Қаҳрамони Тоҷикистон” эълом кард.

Photo credit: https://en.wikipedia.org/wiki/Shirinsho_Shotemur