Бону Муллоевна Парвозова(بانو ملاینفه پروازوفه)

Бону Муллоевна Парвозова

بانو ملایفنه پروازوفه

 

Эй ёр бо умеди вафоят нишастаам,

Умрест ташнаҷони садоят нишастаам!

Ҷон хоҳадо зи ҳаҷри ту аз тан бурун равад,

Бар каф гирифта ҷон ба ҳавоят нишастаам.

Субҳам ба шом гашт мубаддал зи фурқатат

Бин бо умеди субҳу сафоят нишастаам.

Шояд биои сӯи мани чашминтизор,

Ман гушу ҳуши шарфаи поят нишастаам.

Ҳади ақал бисоз нигоҳе  ба сӯи ман

Дар интизори нимнигоҳат нишастаам.

Боке набошад-ар ,ки нагуим ҳарфи хуш

Дар интизори д’ову балоят* нишастаам.

Қалби ҳазину зор кашад дард аз ғамат,

Ранҷур бо умеди давоят нишастаам!

* дар гуиши ғоронӣ дуои бадро чунин гӯянд..

Бонуи Ғоронӣ…Москва 10 .02.22

Модар чи калимаи базеб аст,

Дар олами меҳру меҳрубонӣ.

Бархез камар ба хизматаш банд,

То чанд тавониву тавони.

     Бонуи Ғоронӣ

Sep 7, 2021

Бе шумо дар зиндагӣ хорам падар,

Хаставу афгору беморам падар!

Мешавад ашкам зи дида хунчакон

Чун туро бар ёд меорам падар

         Бонуи Ғоронӣ

Sep 4, 2021

Эй ҷияи (очаи)ҷон хастаҷонат кардем

Ай  дурии худ раҳнигаронат кардем !

Кай канда шавад банди ғарибию фироқ

Сад бор қасам хору хазонат кардем!

       Бонуи Ғоронӣ

Aug 19, 2021

ош як бори дигар дар Дара чупонӣ к’нем.

Дар замини Седъку Шоқшоқ деҳқонӣ кн’ем.

Боз брем  Сурхҷар маси ревзък да дстмон мехчано.

Ё ки да Пасои Пара барб’чабонӣ кн’ем…. 

                                      *барб’ча-барраву бузғола,

Ревз’к -ров,мехчано (мехчанҳо)-мехчаҳои чубӣ,ки барои аз хок кофта гирифтани ров истифодашон мебурдем.

Бонуи Ғоронӣ

Aug 16, 2021

Вақте хумори падар мегирад сарро дар шонаи амаки бузургворам мегузорам ва беовоз гиря мекунам..

Чиқадар шабеҳи падар асти амаки азизам..Қаду қомати баландат,чеҳраи гарму самимит, хислату рафтори хоксоронаат , панду насиҳату суханони ширинат,”бачам ” гуфта муроҷиат карданат падари бузургвормро пеши чашмонам ҳувайдо месозад..Мехоҳам дастҳои меҳнатиатро бибусаму бибуям ва аз буи ту, ки буи падар мекунад сер бишаваам..  Чиқадар меҳрубони амаки азизам. Аз Худованд тавалло менамоям сояаатро аз сарам дур насозад амаки ҷону ҷигарам..

Амакам ҳасти ба  ман ҷону ҷигар,

Сояи сар ту ба ман баъди падар

Бикунам зори ба даргоҳи Худо

Ғаму дарде накунад бар ту асар!!

Apr 08, 2021

Мутмаъинам дустони нуктасанҷу рамузфаҳмам мақсади бандаро аз нигоштани ин суханҳо фаҳмиданд.

Ҳарфҳо гум шуданд,

Ҳама пайкур шуданд..?

Гар фиристи ту паёме

Ё саломе..

Ҷои оне,ки туро ҷавобе ба саломат  бифиристанд

Дар ҷавобат бифиристанд ба ту панҷаҳаке

Ё ки ноҷой  чашмак задану хандаҳаке..

Ҳарфҳо гуму ҳиҷоҳо ҳама пайкур шуданд?

Aug 10, 2020

Бахт ҳамроҳат ҳамеша

Духтари зебои модар!

Гавҳари якдонаи ман,

Ганҷи беҳамтои модар!

Aug 3, 2021

Дар ватан бошам маро болини қу даркор нест,

Сар ба сангаш гар бимонам хоби роҳат мекунам!

        Бонуи Ғоронӣ.

Jul 14, 2020

Ҷонам фидот модар

Мирам барот модар.

То умр боқи бошад

Гуям  санот модар!

Карди фидо бароям

Он умри бебаҳоро

Хирвори меҳру ихлос

Резам ба пот модар!

Шаб то саҳар нахуфти

То субҳ алла гуфти

Сад достон наарзад,

Бар аллаҳот модар!

Дастам ҳамеша боло

Суи худои якто

Умри чу Хизр хоҳам

Ман аз Худот модар!

Дар васфи ту талолам

Беҳолу бемаҷолам ,

Як умр раҳнамоям

Бошад дуот  модар!

Гар кофирам бихонанд

Ё габру номусулмон

Баъди худо бигуям,

Бешак худот модар!

Имрӯз беҳтарин ганҷинае, ки дар бисотам  дорам, баъди Худо дар замин Худоям, фариштаи заминиям модари ба ҷон баробарам зодрӯз дорад!

Рости гап барои тавсифу таъририфу таҳнияташ  ҳарфу сухани муносиб намеёбам!

Ба ҳар ҳол модари ҷонамро самимона аз умқи дил муборакбод гуфта барояш танҳо ва танҳо тансиҳатӣ таманно дорам. Худо кунад, сояааш аз сари мо фарзандон канда нашавад.Зодруз муборак ҷияи ҷон!

Jul 7, 2020

Уфуқи ғазали порсӣ

ГАР НЕСТ БОЛУ ПАР ЧУ УҚОБОН…

Бонуи Ғоронӣ

То ҷон ба каф намонӣ, ба ҷонон намерасӣ,

Дил бар ҳадаф намонӣ ба пайкон намерасӣ.

Доим ту бош аз паи рузӣ чу осиёб,

Бе ҷустуҷӯи лаъл ту бар кон намерасӣ.

То ҷисми хеш пок насозӣ зи бухлу кин,

Ҳаргиз ба хатми ояи Қуръон намерасӣ.

Рахти сафар ба сидқ набандӣ суи падар,

Чун Юсуфи ғариб ба Канъон намерасӣ.

Гар нест болу пар чу уқобон қавӣ туро,

Бар қуллаи баланди Бадахшон намерасӣ.

Бону, агар напарварӣ меҳри сухан ба дил,

Бар қадри шеъру шоири Ғорон намерасӣ!

08 .11.2019

ш. Масков

افق غزل پارسی

گر نیست بال و پر چو عقابان…

شاعربانو: بانوی غرانی

تا جان به کف نمانی، به جانان نمی‌رسی،

دل بر هدف نمانی به پیکان نمی‌رسی.

دائم تو باش از پی روزی چو آسیاب،

بی جستجوی لعل تو بر کان نمی‌رسی.

تا جسم خویش پاک نسازی ز بخل و کین،

هرگز به ختم آیه ی قرآن نمی‌رسی.

رخت سفر به صدق نبندی سوی پدر،

چون یوسف غریب به کنعان نمی‌رسی.

گر نیست بال و پر چو عقابان قوی ترا،

بر قلّة بلند بدخشان نمی‌رسی.

بانو، اگر نپروری مهر سخن به دل،

بر قدر شعر و شاعر غاران نمی‌رسی!

2019-11-08

شهر مسکو

Эй модари ҷон хастаҷонат кардам

Аз дурии худ раҳнигаронат кардам!

Лаънат ба ғарибиву ба бераҳмии даҳр

Дар фасли баҳор чун хазонат кардам.

Бонуи Ғоронӣ

Jun 12, 2021

Худо фарзанди ҷонамро нигаҳ дор,

Азизу меҳрубонамро нигаҳ дор!

Бувад у равшании чашми модар,

Фуруғи дидагонамро нигаҳ дор!

Худо фарзанди ҷонамро нигаҳ дор,

Ҳама тобу тавонамро нигаҳ дор.

Надорад ҷисми ман бе у мадоре

Мадори ҷисму ҷонамро нигаҳ дор!

Худо фарзанди ҷонамро нигаҳ дор,

Сафобахши ҷаҳонамро нигаҳ дор.

Бувад сарчашмаи шеъру сурудам

Ту зеби достонамро нигаҳ дор!

Худо фарзанди ҷонамро нигаҳ дор

Шукуҳу шаъну шонамро нигаҳ дор,

Самои зиндагиям равшан аз уст

Ту он рангинкамонамро нигаҳ дор!

Худо фарзанди ҷонамро нигаҳ дор

Ҳама тобу тавонамро нигаҳ дор

Қавӣ болу парам аз ҳастии уст,

Уқоби осмонамро нигаҳ дор!

ЗОДРУЗ МУБОРАК ҶОНИ МОДАР!

May 22,2021

Ман ки мурдам дар бари гури падар гурам кунед,

Ру ба руи лолаҳои Сурхҷар гурам кунед.

То рақибам хуфта бошад бехабар аз марги ман,

Пештар аз нолаи мурғи саҳар гурам кунед.

То ки бошад  руҳи ман  осуда дар афлокҳо

Бе фиғону нолаву бе чашми тар гурам кунед.

Бар сари гурам набигзоред аз қоғаз гуле

Гулбуне монед аз садбарги тар гурам кунед.

Баски ҳастам зодаи куҳи баланду барҳаво

Ҳамшафат бо Зуҳраву Шамсу Қамар гурам кунед!

Бонуи Ғоронӣ

May 17,2021

Қадри хоки Тоҷикистонро

Қиммати санги Бадахшонро,

Лаззати оби Зарафшонро,

Зиннати Хатлону Раштонро

Он,ки дур аст аз ватан донад

Ҳар ғариби мисли ман донад!

Нағмаҳои обшорашро,

Осмони беғуборашро,

Накҳати фасли баҳорашро

Тирамоҳи зарнисорашро,

Он,ки дур аст аз ватан донад

Ҳар ғариби мисли ман донад!

Модари шабзиндадорашр

Чашми бар роҳ интизорашро

Дасти танги рӯзгорашро

Тифлакони чашмчорашро

Он,ки дур аст аз ватан донад

Ҳар ғариби мисли ман донад!

Бонуи Ғоронӣ

23.04 21.Москва

Илҳом аз суруди зиндаёд Аҳмад Зоҳир

     Имшаб бақиссаи дили ту гӯш мекунам

Аз ғуссаҳои хеш фаромӯш мекунам.

Фардо чу боз дур шави аз канори ман,

Ғамҳои хеш ҷои ту оғӯш мекунам.

Имшаб ба қиссаи дили ту гӯш мекунам

Аз ҳасту буди хеш фаромӯш мекунам.

Мадҳушу маст то бишавам аз висоли ту,

Аз бодаи ду лаъли лабат нуш мекунам.

Имшаб ба қиссаи дили ту гӯш мекунам

Аз ранҷи зиндагони фаромӯш мекунам.

Чун субҳ бо ситеза рави сӯи дигаре

Дар деги сина меҳри ту сарпуш мекунам.

Имшаб ба қиссаи дили ту гӯш мекунам

Аз хориҳои умр фаромӯш мекунам.

Гарчанд хастаҷонаму ранҷур аз ғамат,

Кулбори ҳаҷри васли ту бар дӯш мекунам.

Бонуи Ғоронӣ

Москва 18.11.20

Илҳом аз дилномаҳои Бобо Тоҳири Урён Лоҳутии бузургвор ва устод Бозор Собир…

Аммо ин дидрезаҳои банда гарди дилномаҳои он бузургворон нестанд

Чаро бехонаи ту, ай дил, ай дил?

Ба ман бегонаи ту, ай дил, ай дил.

Гаҳе мерониву гаҳ менавозӣ,

Магар девонаи ту, ай дил ай дил?!

 Ба дардам мубтало кардӣ, дил, ай дил,

Дучори сад бало кардӣ, дил, ай дил!

 Ба ҷои рӯзро равшан намудан

Ту субҳамро сиёҳ кардӣ, дил, ай дил!

Чаро пурдард гаштӣ, ай дил, ай дил?

Хазону зард гаштӣ, ай дил, ай дил.

Магар мардони олам камшуморанд?

Пайи номард гаштӣ, ай дил, ай дил!

Туро аз худ биронам, ай дил, ай дил,

Ба худхоҳӣ намонам ай дил ай дил!

Ҳадиси ишқу оёоти вафоро

Ба гӯши ту бихонам, ай дил, ай дил!

Ту  бо ман ҳамзамонӣ, ай дил, ай дил,

Ҷаҳоне дар ҷаҳонӣ, ай дил, ай дил!

Чӣ гӯям, бо вуҷуди пирии ман,

Ту ҳоло ҳам ҷавонӣ, ай дил, ай дил!

Басо бо ман ба ҷангӣ, ай дил, ай дил,

Пайи дӯғу дарангӣ,  ай дил, ай дил.

Намехоҳам дилат хонам  аз ин пас,

Даруни сина сангӣ, ай дил, ай дил!

Чаро бехонумонӣ, ай дил, ай дил?

Пайи суду зиёнӣ, ай дил, ай дил?!

Зи бемеҳрии дилдори ҷафокеш,

Ҳамеша хунчаконӣ, ай дил, ай дил!

Маро девона кардӣ, ай дил, ай дил,

Ба даҳр афсона кардӣ, ай дил ай дил.

Қарин будем бо ҳам чун ду дида,

Зи худ бегона кардӣ, ай дил, ай дил!

Туро бо худ нагирам, ай дил, ай дил,

Ба ғамҳоят асирам, ай дил, ай дил.

Агар дигар наойи бар суроғам,

Зи танҳоӣ бимирам, ай дил, ай дил!

Ту бо ман аҳд бастӣ, ай дил, ай дил!

Сари хонам нишастӣ, ай дил, ай дил!

Ба ҷои поси он нону намакҳо

Намакдонро шикастӣ, ай дил, ай дил!

Ба сар афсонаи туст, ай дил, ай дил,

Ба по завлонаи туст, ай дил, ай дил.

Мазан оташ масӯзон синаамро,

Ки инҷо хонаи туст, ай дил, ай дил!

Чаро дар ҷастухезӣ, ай дил, ай дил?

Ба ман ҳар дам ситезӣ, ай дил, ай дил .

Будам як умр побанди вафоят,

Кунун аз ман гурезӣ, ай дил, ай дил!

Бонуи Ғоронӣ

APR 3, 2021

چرا بی خانه ی تو، ای دل، ای دل؟

به من بیگانه ی تو، ای دل، ای دل.

گهی می رانی و گه می نوازی،

مگر دیوانه ی تو، ای دل، ای دل؟!

***

به دردم مبتلا کردی، دل، ای دل،

دچاری صد بلا کردی، دل، ای دل!

برای روز را روشن نمودن

تو صبح ام سیاه کردی، دل، ای دل!

***

چرا پر درد گشتی، ای دل، ای دل!

خزان و زرد گشتی، ای دل، ای دل.

مگر مردان عالم کم شمار اند؟

پی ی نامرد گشتی، ای دل، ای دل!

***

تو را از خود برانم، ای دل، ای دل،

به خود خواهی نمانم، ای دل، ای دل!

حدیث عشق و آه یای وفا را

به گوش تو بخوانم، ای دل، ای دل!

***

تو با من هم زمانی، ای دل، ای دل،

جهانی در جهانی، ای دل، ای دل!

چی گویم، با وجود پیری ی من،

تو حالا هم جوانی، ای دل، ای دل!

***

بسا با من به جنگی، ای دل، ای دل،

پی دوغ و درنگی، ای دل، ای دل.

نمی خواهم دلت خوانم از این پِس،

درون سینه سنگی، ای دل، ای دل!

***

چرا بی خانمانی، ای دل، ای دل؟

پی ی سود و زیانی، ای دل، ای دل؟!

زبیماریی دلداری جفا کیش،

همیشه خونچکانی،ای دل، ای دل!

***

مرا دیوانه کردی، ای دل، ای دل،

به دهر افسانه کردی،ای دل، ای دل.

قرین بودیم با هم چون دو دیده،

ز خود بیگانه کردی، ای دل، ای دل!

***

تو را با خود نگیریم، ای دل، ای دل،

به غم هایت اسیرم، ای دل، ای دل.

اگر دیگر نیایی بر سراغم،

ز تنهایی بیمرم، ای دل، ای دل!

***

تو با من عهد بستی، ای دل، ای دل!

سری خان ام نشستی، ای دل، ای دل!

به جای پاس آن نان و نمک ها

نمکدان را شکستی، ای دل، ای دل!

***

به سر افسانه ی توست، ای دل، ای دل،

به پا زولانه ی توست، ای دل، ای دل.

مزن آتش مسوزان سینه ام را،

که اینجا خانه ی توست، ای دل، ای دل!

***

چرا در جست و خیزی، ای دل، ای دل؟

بمن هر دم ستیزی، ای دل، ای دل.

بودم یک عمر پابندی وفایت،

کنون از من گریزی، ای دل، ای دل!

بانو غارانی

۳ اپریل ۲۰۲۱

Ман баҳорам..

Ман баҳори орӣ аз гарду ғуборам.

Ман баҳори сабздоман..

Ман баҳори гулнисорам.

Аз қудумам гул кунад дашту даман,куҳу биёбон..

Сабз гардад донаи пошидаи Бобои Деҳқон…

Омадам ман аз сари куҳи Бадахшон..

Аз диёри ганҷдорон…Аз макони лаъл ,аз водии Ғорон..

Бо суруди обшорон..

Бо навои навои нарми борон..

То бисозам шод дилҳои ғарибон…

   Бонуи Ғоронӣ.

MAR 19, 2021

Шодам,ки ба порсӣ сухан мегӯям,

Бо лаҳҷаи Рудакӣ сухан мегӯям!

Ширинии лафзи ман зи Ҳофиз бошад,

Бо шеваи Мавлавӣ сухан мегӯям!

 Бонуи Ғоронӣ!

MAR 17, 2021

Бо дустон сарсабз ман

Ҳамчун баҳори гулфишон,

Бе дуст ранги ру маро

Зард аст монанди хазон!

Бонуи Ғоронӣ

MAR 10, 2021

Ҷонам фидот модар

Мирам барот модар.

То умр боқи бошад

Гуям  санот модар!

Карди фидо бароям

Он умри бебаҳоро

Хирвори меҳру ихлос

Резам ба пот модар!

Шаб то саҳар нахуфти

То субҳ алла гуфти

Сад достон наарзад,

Бар аллаҳот модар!

Дастам ҳамеша боло

Суи худои якто

Умри чу Хизр хоҳам

Ман аз Худот модар!

Дар васфи ту талолам

Беҳолу бемаҷолам ,

Як умр раҳнамоям

Бошад дуот  модар!

Гар кофирам бихонанд

Ё габру номусулмон

Баъди худо бигуям,

Бешак худот модар!

Бонуи Ғоронӣ

Москва 6.03 .21

Бигзашт умр аз нисф

Ёди нигор карди

Дар авҷи фасли поиз

Майли баҳор карди

Чи офаринат ай дил!

Дар ҷустуҷӯи ҷонон

Саргаштаву парешон

Бо сад умеду армон

Худро фигор карди

Чӣ офаринат ай дил!

Дар тангнои қисмат

Дар водии муҳаббат

Бори ғами гаронро

Бар душ бор карди

Чӣ офаринат ай дил!

Бо ёри баргузида

Ҳам нури ҳарду дида

Чун оҳуи рамида

Қасди шикор карди

Чӣ офаринат ай дил!

Гоҳе чу гул шукуфти

Гоҳе зи ҳаҷр гуфти

Асрори зиндагиро

Бар худ шиор карди 

Чӣ офаринат ай дил!

Баҳри ризои дилдор

Чун дузд дар шаби тор

То ки раси ба ҷонон

Аз худ фирор карди

Чӣ офаринат ай дил! 

  Бонуи Ғоронӣ 08.02.21

Print Friendly, PDF & Email