Шириншоҳ Шоҳтемур

Шириншоҳ Шоҳтемур(

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шириншоҳ Шоҳтемур — арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ.

Зиндагинома

Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнон (Помири ғарбӣ) аморати Бухоро аст. Ӯ соли 1899 ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте Шириншоҳ ки 8-9 сола буд, волидонаш аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, ки он дар номи насаби ӯ низ акс ёфтааст. Маънои ҳиссачаи «шо» – саид, ё худ вориси бевоситаи Муҳаммад аст. То дувоздаҳсолагӣ дар назди бародараш умр ба сар бурдааст. Аз соли 1911) ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол аз ҳисоби давлати русҳо хондааст. Зимистон таҳсил дошта, тобистон дар назди сардори отряди Помир кор мекард – гулҳоро об медод. Аз 14-солагӣ бо меҳнати хеш зиндагӣ мекард.[1]Соли 1914 дар сини 15-солагӣ мактаби мазкурро хатм намуда, бо штабс – капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин, ки дар Тошканд зиндагӣ мекард, аз Помир ба ш.Тошканд омад. Тамоми роҳ хизматгузори ӯ буд, ва дар давоми 4 моҳ, аз 25 август то декабри соли 1914 дар хонааш ба сифати пешхизмат ва дарбон кор мекард. Аз декабри соли 1914 то моҳи маи соли 1915 чун фаррош дар омӯзишгоҳи ҳаштуми русӣ – маҳаллии шаҳри Тошканд хизмат намуда, айни замон назди мудири омӯзишгоҳ Апполон Петрович Радугин, ки акнун дар уезди Тошканд бухгалтерии завод шуда, кор мекунад, таълим гирифт. Аз 1 маи соли 1915 таӯсилашро хотима дода, то моҳи августи соли 1915 мардикори заводи Иванов (Бешоғоч), аз 11 август то 30 сентябри соли 1916 вагонбар ва кандуктори трамваи Тошканд буд. Аз октябри с. 1916 то январи с. 1917 дар артели Матвеев ба сифати бағочдеҳи поезди боркаши роҳи оҳан кор кард. Аз январи с. 1917 то 26 август боз дар назди ҳамон муаллим барои дохил шудан ба курсҳои дусолаи педагогӣ омодагӣ дида, 26 август имтиҳони чор синфи хатмкардаашро супурда, дар сини 18-солагӣ ба синфи аввал дохил шуд. Соли 1917 омӯзишгоҳи мазкур баста шуд. Шириншоҳ маҷбур шуд, ки аз моҳи сентябр ба семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд шомил шавад. Баъди як моҳ – моҳи октябри с. 1917 Инқилоби Октябрро пешвоз гирифт. То ин вақт Шириншоҳ дар бораи ғояи сотсиализм, муборизаи синфӣ ва ҳоказо тасаввурот надошт. Ҳамроҳи коргарони маҳаллӣ барои барпо ва пойдор гардидани Ҳокимяти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна иштирок кардааст. Аз январи соли 1921 узви Ҳизби коммунист буд. Рақами билети аъзогиаш 539289, баъди ивазшавӣ 0830934.Дар семинария то с. 1921 таҳсил намуд. Вале он дар давраи шӯравӣ (аз с. 1919) семинария не, балки шӯъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогӣ номида шуд.Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи маи с. 1921 дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба шаҳри Қуқанди Фарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар разверсткаи озуқавории волости Дилварзин ширкат дошт. Баъди дуним сол – 10 июл бо телеграммаи Турк – ЦИК ба шаҳри Тошканд ҷеғ зада шуда, ба сифати коркуни масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ 18 июли с. 1921 ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) равона гардид. Солҳои 1921-22 узви сегонаи мазкур ва аз октябри с. 1922 сардори он буд. Моҳи августи с. 1923 ҳангоми расидан ба Тошканд бо назардошти он ки аз с. 1921 то с. 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт ва уязвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводҳои зарурӣ ба комиссиюни ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистон с. 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи уязвияти ҳизбии худ аз с 1921 – ро гирифт. Аз октябри с. 1923 то 5 августи с. 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи с. 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шӯъбаи таҳтонии аққалиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар шаҳри Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (c/ 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Ш. Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъйин гардида, ба шаҳри Душанбе ба кор фиристонда шуд.[1]

Таъсиси рӯзномаи «Иди тоҷик»

«Ш.Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хеле хизмат кард»— А.В.Макашов ва В.А.Руднитский. Шириншо Шотемур. Душанбе:«Ирфон»,1964.Дар ин замон – дар нимаи якуми солҳои 20-ум Шириншоҳ Шоҳтемур аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд. Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. ӯ Ҳасан Ирфонро масъули рӯзнома таъйин кард. Устод Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард. Роҳбарони вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.

Шириншоҳ Шоҳтемур якчанд фаъолони сиёсии тоҷикро ҷамъ оварда мегӯяд:

«Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунад. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».

— «Ҷавонони Тоҷикистон», 6 апрели соли 1990

. Баъди 12 сол дар Пленуми чоруми КМ ВК (б) Тоҷикистон (14 феврали соли 1936) Шириншоҳ Шоҳтемур таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ёдовар шуда мегӯяд:

«Дар назди КМ Ҳизби Коммунистии Туркистон сексияи коммунистӣ буд, ки ман онро роҳбарӣ мекардам. Барои мо таъсиси рӯзномаи аввалин бисёр зурур буд, вале мо пул надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев шинос шудам ва ӯ, ки дар вазифаи раиси Комитети консесии (предоблконцесском) вилояти Фарғона буд, барои таъсиси газета 2000 рубл дод»

— К.Искандаров.Славный сын таджикского народа., Д.,1999, с.16

.Шириншоҳ Шоҳтемур бо таъсиси ин рӯзнома иктифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад. Азбаски ӯ медонист, ки эҳтимолияти ҳалли масоили марбут ба мақоми тоҷикони Осиёи Миёна дар ҶМШС Туркистон камтар ҳалли худро пайдо мекунанд, ин арзро ба КМ РКП(б) СССР ирсол дошт.[2]Аз 5 апрели соли 1925 зери таҳрири нозири маорифи Тоҷикистон Аббос Алиев рӯзномаи «Бедории тоҷик» интишор ёфт, ки он аслан шумораи навбатии «Иди тоҷик» буд (ҳоло Ҷумҳурият).(бештар…)

Хотира[вироиш]

Бори аввал Шириншоҳ дар деҳаи худаш ба яке аз хешовандони дураш издивоҷ кард. Маҳз баъди ҳамин издивоҷ байни ӯ ва намояндаи ГПУ Островский гап гурехт ва Островский ӯро сафи ҳизб хориҷ кард, ки дар ин бора қиссаи аҷибе аст. Вале Широншоҳ аз зани аввалааш зуд ҷудо шуд. Ситорааш рост наомад ё деги муҳаббаташон наҷӯшид, ё завҷааш бо ӯ Тошканд рафтан нахост, маълум нест. Аммо як чиз равшан ва аён аст, ки ходимони ҳизбию давлатиии он солҳо аз миллатҳои дигар мекушиданд, ки барои наздиктар шудан русҳомиллати ҳоким, беҳтар донистан урфу одат ва забони онҳо ва пайдо кардани наздикии қавмию зуд боло рафтан аз нардббони мансабу манзалат ва саҳми шахсӣ гузоштан дар “интернасионализми пролетарӣ” бо занҳои рус издивоҷ намоянд. Шоҳтемур чунин фикрхоро дошт ё не, равшан нест. Издивоҷи дуввуми ӯ баъди ҳашт сол рух дод. Ин дафъа вай зани русро ҳамсари якумраи худ қарор дод. Дар бораи хаёти оилавии Шоҳтемуру Александра Михайловна Киселова бародари Александра – Прохор Михайлович ба мо маълумоти муфассал дод. Ба хонаи Прохор – амак бо маслҳиати Давлат Худоназаров рафтем. Ба ӯ пешаки занг задем. Сипас роҳбаладамон Рустам писари Шириншоҳ моро рост ба хона бурд. Муйсафедон Прохор Михайлович ва Анна Ивановна интизорамон буданд. Анна-хола дастурхонро бо таомҳои лазизи русӣ ороста буд. Хонаи Прохор хоксорона оро ёфтааст. Ягона чизе, ки дар хонаи ӯ бисёр ба чашм мерасид, ин китоб аст, китобхое, ки барояшон дар ҷевон ҷо намондааст, дар тоқча ва руйи миз ҳам ғарам шудаанд. Рустам моро муарифӣ кард. Ҳамроҳам собиқ мудири бойгонии ҳизбии комитети вилоятии ҳизб Қамчибек Насиллобеков мақсади омаданамонро фаҳмонданӣ шуд. Сӯҳбат аз сари дастархон оғоз ёфт. Прохор ба сини 88 қадам монда бошад ҳам ҳануз бардаму боқувват ба назар мерасад. Аз ҳама муҳимаш хотираи ӯ хеле тоза аст. Ӯ рӯзҳо, таърихҳо, воқеот, одамонро равшан ёд дорад. Прохор шояд хеле бардаму нерӯмандтар мебуд, агар даҳ сол расоро дар маҳбасҳои заҳдори сталинӣ сипарӣ намекард. Ӯро ҳам мисли хоҳараш М. Киселова ҳамсари Шириншоҳ барои алоқа ва наздикӣ доштан бо “душмани халқ” ва дигар рафторҳои “зидди давлвтӣ” ба ҳабс гирифта буданд. Прохор дар оилаашон фарзанди панҷум буд. Фарзандонро асосан модарашон Евдокия – хола калон кард. Падарашон Михаил Киселев, ки ба оҳангарӣ шуғл варзида, дар яке аз заводҳои Москва кор мекард ва шӯҳрат ҳам дошт, ҳанӯз то инкилоб бо кадом сабабе оилаашро партофта, озими Кафкоз шуд ва дар ҳамон ҷо хонаводаи дигаре ташкил дод. Алоқаи ӯ бо фарзандонаш тамоман гусаста гардид. Евдокия хола фарзандони худашро хеле хуб тарбия карда ба воя расонд. Ҳамаашон хонда, соҳибихтисос гаштанд, аз рӯзи аввал Инкилоби Октябрро хуш пазируфта дар пойдор кардани ҳаёти нав дар қатори фаъолони беҳтарин буданд. Александр духтари калонии оиларо аз хурдӣ ҳаёти мардуми машриқзамин ба худ ҷалб карда буд. Ӯ дар ин бора китобҳои зиёде мехонд, ҳамеша бо шавқ дарбораи Шарқ маводи гуногун ҷамъ мекард.Шириншоҳ он замон дар Душанбе дар вазифаи котиби дуюми Комитети Маркази Ҳизби Комунисти Тоҷикистон кор мекард. Ҳамеша серкор буд, вале вақт ёфта, дар саҳроҳои колхози раставу кӯчаҳо, дар он ҷое, ки мардум буд, вохӯриҳо мегузаронд. Ин услуби кори Шоҳтемур буд. Ӯ, ки худ аз оилаи одӣ ва камбағали кӯҳистонӣ баромада буд, табиатан одами хоксор зиндадил хушмуомила буд. Маҳз таввасути чунин хислатҳо ӯ аз дарди дили мардуми одӣ бохабар мегашт ва барои фаъолияти минбадааш нақшаҳои мушаххас мекашид. Ҷавонзани зебои аврупоие, ки дар тан либоси хоксорона дошт ва дар назди идораи ӯ бо марди деҳқонамое сӯҳбат мекард, диқаташро ҷалб намуд. Духтар бо лафзи ширин тоҷикӣ сухан мекард. Шириншоҳ истоду як бори дигар бодиқат гӯш андохт. Дар такаллуми духтар ба ҷуз талафузи руссӣ баъзе овозҳои тоҷикӣ хатое дигар набуд. Шоҳтемур ноаён қаду баст, чеҳра ва ҳаракати духтарро аз назар гузаронд. Аҷиб, маълум, ки духтарак тоҷик нест, вале забони тоҷикиро дар куҷо ин кадар хуб ёд гирифааст,-аз дил гузаронд Шоҳтемур. Дар вуҷуди Шириншоҳ кадом як ҳиссиёте ба вуҷуд омада барои бо духтар ҳамсӯҳбат шудан водораш менамуд.[1]Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Шириншоҳ Шотемур: Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Нусратулло Махсум, Юлдош Охунбобоев, Файзулло Хочаев,Абдулло Раҳимбоев, Икромов Акмал, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд.

Некдошт[вироиш]

  • соли 2006, Шириншоҳ Шотемур яке аз шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи унвони олии давлатии Тоҷикистон – Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст;
  • Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба номи ӯ гузошта шудааст;
  • ба номи Шириншоҳ Шотемур якчанд кучаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Print Friendly, PDF & Email